иқрор — [اقرار] а. эътироф кардан, ошкоро тасдиқ кардан дурустӣ ва ростии чизеро; иқрор кардан (будан) ба гардан гирифтан, эътироф кардан (кори кардаи худро); иқрор кунондан ба эътироф водор кардан; иқрор шудан эътироф кардан, кори карда ё сухани гуфтаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
инкор — [انکار] а. қабул накардан, рад кардан, эътироф накардан; муқоб. иқрор; инкор кардан рад кардан, эътироф накардан, мункир шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бисёрхудоӣ — [بسيارخدائي] сохтори диние, ки парастиши худоҳои зиёдро эътироф мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
деизм — [دييزم] лот. фалс. таълимоти динию фалсафӣ, ки Худоро ҳамчун офаринандаи олам эътироф карда, дахолати онро дар тараққиёти минбаъдаи табиату ҷамъият инкор мекард … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
изъон — [اذعان] а. кит. итоат; эътироф; изъон кардан итоат кардан, гардан фуровардан (ба амри касе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иқроршавӣ — [اقرارشوي] исми амал аз иқрор шудан; эътироф кардан, тасдиқ намудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қоил — [قائل] а 1. иқроркунанда ба гуноҳи худ; эътирофкунанда, тандиҳанда; қоил кардан бо ҳунар, кор ё дониши худ эътирофи касеро ба даст овардан, водор ба тандиҳӣ кардан; қоил шудан ҳунарнамоии касеро эътироф кардан, ба кордории касе тан додан 2.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
материализм — [متريئليزم] лот. яке аз ду равияҳои асосӣ дар фалсафа аст, ки воқеияти объективиро эътироф намуда, чунин мешуморад, ки олам ва қонуниятҳои он тобеи шууру тафаккур нестанд, балки ба таври объективӣ вуҷуд доранд, моддигароӣ; муқоб. идеализм … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мункир — [منکر] а. инкоркунанда, эътирофнакунандаи коре ё касе; мункир шудан а) иқрор нашудан, эътироф накардан; б) рад кардан, инкор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
позитивизм — [پازيتويزم] лот. ҷараёни фалсафии идеалистӣ, ки имконияти идроки қонуният ва муносибатҳои ҳастиро эътироф намекунад ва роли илмро фақат аз қайди асноду ҳодисаҳо иборат медонад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ